Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон аз ИДМ хориҷ мешавад


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки кишварашро аз узвияти Иттиҳодияи давлатҳои муштаракулманофеъ бозмехонад. Саакашвилӣ имрӯз дар баробари тазоҳуроти мардумӣ дар Тифлис гуфт, ки Гурҷистон аз узвияти созмоне, ки дар он Русия бартарӣ дорад, "ба хубӣ" берун мешавад. Имрӯз даҳҳо ҳазор сокинони Гурҷистон ба нишони ҳамраъӣ бо ҳукумати Саакашвилӣ дар муқобили ҷанги Русия дар Осетияи Ҷанубӣ дар маркази Тифлис гирди ҳам омаданд. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Саакашвилӣ бояд аз мақоми худ канор равад.
XS
SM
MD
LG