Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти НАТОву Русия дар Бруссел мутаваққиф шуд


Мулоқоти мақомоти паймони низомии НАТО ва Русия, ки бояд имрӯз дар Бруссел ҷараён мегирифт, мутаваққиф шуд. Сухангӯи НАТО гуфт, ки барои таъйини таърихи нави мулоқот бо намояндаҳои Маскав машваратҳое бояд сурат бигирад, ки бино ба бӯҳрони марбут ба низоъҳои Гурҷистон феълан аз имкон дур аст. Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Гурҷистон Эка Ткешелашвилӣ имрӯз гуфтугӯҳояшро бо сафирони НАТО дар Бруссел мутаваққиф карда дар Гурҷистон мемонад. Бар ивази ӯ, дар нишасти НАТО бояд фиристодаи Гурҷистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва Белгия Саломе Самадашвилӣ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG