Пайвандҳои дастрасӣ

UNHCR: дар паи ҷангҳо 100 ҳазор беҷо шудаанд


Комиссариёи СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, ки дар паи низоъҳои Гурҷистон ҳудудан 100 ҳазор нафар маконҳои зисти худро тарк кардаанд. Ин оҷонс мегӯяд, ки ҳисоботи худро бар пояи иттилооти ҳукуматҳои Гурҷистон ва Русия таҳия кардааст. Тибқи омори Созмони Милал, ҳудудан 30 ҳазор сокини Осетияи Ҷанубӣ ба минтақаи русии Осетияи Шимолӣ кӯч баста ҳудудан 12 ҳазор нафари дигар дар дохили ҷумҳурии ҷангдида беҷо шудаанд. Дар шаҳри гурҷии Горӣ дар пайи даргириҳои ахир ҳудудан 56 ҳазор нафар бехонаву ҷо шудаанд. Рӯзи душанбе UNHCR гуфт, ки барои кӯмак ба мардуми бар асари даргириҳо зарардида 2 миллион доллар ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG