Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истиқболи Саркозӣ аз оташбаси Русия


Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, "хабари хуб"-ро роҷеъ ба хатми мухолифатҳо дар Гурҷистон, ки аз забони ҳамтои русаш Дмитрий Медведев садо дод, хуш истиқбол мекунад. Саркозӣ баъди дидору мулоқот бо Медведев дар Маскав инчунин ба тадбиқи муқаррароти оташбас даъват кард. Вай гуфт:

"Эълони хатми мухолифатҳо аз ҷониби Русия хабарест, ки мо интизораш будем. Ман дар ин бора огоҳонида шудам ва хуб шуд, ки шумо ин хабарро тасдиқ кардед. Ҳоло зарурати тадбиқи он пеш омадааст ва ҳамакнун бояд ҳама ба мавқеъҳое, ки қабл аз сар задани низоъ доштанд, баргарданд".

Раиси ҷумҳурии Фаронса гуфт, ки истиқлолият, якпорчагӣ ва амнияти Гурҷистон бояд ҳимоят шавад.

Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки хатми пурраи амалиёти низомӣ маънои онро дорад, ки нирӯҳои Гурҷистон ба мавқеи пешазҷангӣ баргардонида шуда созишномаеро роҷеъ ба адами истифодаи нирӯ ба имзо расонанд. Мухолифатҳои низомии Русияву Гурҷистон дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ панҷ рӯз пеш шурӯъ шуд. Субҳи имрӯз ҳавопаймоҳои русӣ шаҳри гурҷии Гориро бомборон карда панҷ нафар, аз ҷумла як хабарнигори ҳолландиро ба ҳалокат расониданд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти ҷумҳурии дигари ҷудоихоҳи Абхозистон гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо амалиётеро ба хотири берун кардани нирӯҳои гурҷӣ аз водии Кодорӣ, танҳо минтақаи таҳти нуфузи Гурҷистон ба роҳ монданд.
XS
SM
MD
LG