Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ оташбаси Русияро истиқбол кард


Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, "хабари хуб"-ро роҷеъ ба хатми мухолифатҳо дар Гурҷистон, ки аз забони ҳамтои русаш Дмитрий Медведев садо дод, хуш истиқбол мекунад. Саркозӣ баъди дидору мулоқот бо Медведев дар Маскав инчунин ба тадбиқи муқаррароти оташбас даъват кард. Раиси ҷумҳурии Фаронса, ки бо як рисолати сулҳу оштӣ вориди пойтахти Русия шудааст, гуфт, ки истиқлолият, якпорчагӣ ва амнияти Гурҷистон бояд ҳимоят шавад.
XS
SM
MD
LG