Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгари тоҷик Шералӣ Бозоров 12-уми август дар Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин дар риштаи гуштии дзюдо ба мағлубият мувоҷеҳ шуд.

Вай дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз гуштигири Того Коуамӣ Сача Денаниён шикаст хӯрд.
Варзишгари дигари Тоҷикистон Сергей Бабиков дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 50 метр байни 45 нафар танҳо ба ҷои 43-юм даст ёфт.
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов имрӯз дар аввалин дидори худ бо Ҷексен Чауке аз Африқои Ҷанубӣ дар вазни то 51 кг рақобат хоҳад кард.
Дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҳамин ҳол тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 18 медал – 11 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ – дар ҷои аввал қарор гирифтааст. Тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 21 медал (7 тило, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷои дувум аст. Дастаи Куриёи Ҷанубӣ бо касби 11 медал (5 тило, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷои севум мебошад.
Умуман, то ҳоли ҳозир варзишгарони 44 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд. Аз байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия - 8 медал (1 тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст овардааст ва дар Олимпиадаи Пекин ҷои 9-умро касб кардааст. Озарбойҷон 1 медали тило, Қазоқистон 1 медали нуқра доранд. Тимҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ки яктоӣ медали биринҷӣ доранд.
XS
SM
MD
LG