Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ҳалокати мардуми осоиштаро рад мекунад


Нирӯҳои таҳти раҳбарии паймони низомии НАТО хабареро роҷеъ ба кушта шудани афроди мулкӣ дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии чанд рӯзи пеш дар шимолу шарқи Кобул рад карданд. Нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ё ISAF мегӯянд, ки таҳқиқоти худро дар ин замина анҷом дода ба натиҷае расиданд, ки дар ҳамлаҳои рӯзи шанбеи Каписо шӯришиён кушта шуданд. Мақомоти вилоятӣ гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии НАТО 12 мулкӣ кушта ва 18 тани дигар захмӣ гардиданд. Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ба таҳқиқи ҳодиса амр дода роҷеъ ба афзоиши қурбониҳои мардуми осоишта дар пайи амалиёти ISAF изҳори ташвиш кардааст.
XS
SM
MD
LG