Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба хатми амалиёти зидди Гурҷистон амр дод


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки вай ба хатми амалиёти низомии нирӯҳои Русия алайҳи Гурҷистон амр додааст. Вай гуфт, ки амалиёт ба ҳадафҳои худ, ки таъмини амнияти посдорони сулҳи Русия ва мардуми осоиштаи Осетияи Ҷанубӣ буд, даст ёфт. Вай гуфт:

"Ман тасмим гирифтам, ки амалиёти водорсозии мақомоти Гурҷистон ба сулҳро анҷом диҳам. Амалиёт ба ҳадафаш расид. Амнияти нирӯҳои посдори сулҳи мо ва шаҳрвандони мулкӣ барқарор шуд. Таҷовузгар муҷозот шуд ва талафоти қобили мулоҳиза дид, қувваҳои мусаллаҳи вай ба ҳам рехт. Бо вуҷуди ин, дар сурати ба миён омадани муқовимат ва дигар талошҳои пархошҷӯёна, мо қарори нобудсозии онҳоро қабул хоҳем кард".
XS
SM
MD
LG