Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии САҲАву хунсардии Русия нисбати тарҳи сулҳ


Раиси САҲА хушбинии мӯҳтотонаро дар робита бо пазириши тарҳи сулҳи Осетияи Ҷанубӣ аз ҷониби Русия баён кард, ки аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва САҲА таҳия шудааст. Александр Стубб, ки ҳамчунин вазири хориҷаи Финландия мебошад, гуфт баъди сӯҳбатҳояш бо мақомоти Маскав тайи ду рӯзи гузашта эҳсоси хушбинии вай дар ин замина афзудааст. Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ, ки кишвари вай раҳбарии даврии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, ба самти Маскав барои баррасии тарҳи мазкур бо раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев парвоз кард. Ин тарҳ ба сулҳи билофосила даъват карда, арҷгузории тамомияти арзии қаламрави Гурҷистон ва бозгашт ба вазъияти пеш аз ҷангро тақозо мекунад. Бо вуҷуди чунин хостҳои Аврупо, сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Ню-Йорк имкони пазириши пешинҳоди мазкурро аз ҷониби мақомоти Русия зери суол бурд. Дар Вашингтон раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш зимни изҳороте тавсеаи фоҷеавӣ ва бераҳмонаи хушунатҳоро дар қаламрави Гурҷистон аз ҷониби Русия маҳкум кардааст. Вай гуфт, ки Русия бояд тарҳи сулҳро чун гоми нахустин дар самти хатми низоъҳо бипазирад.
XS
SM
MD
LG