Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Нерӯҳои Абхозистон дар Кодорӣ


Тибқи гузоришҳо, нирӯҳои ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон алайҳи артиши Гурҷистон ҳуҷуми густардаеро дар водии Кодорӣ, воқеъ дар ғарби минтақа роҳандозӣ карданд. Хабаргузориҳои русӣ ба нақли қавл аз мақомоти Абхозистон иттило медиҳанд, ки нирӯҳои ҷудоихоҳ артиши гурҷиро дар қисмати болоии Кодорӣ иҳота карданд. Ин маълумот аз ҷониби манобеи мустақил тасдиқ намешавад. Абхозистон муттафиқи ҷумҳурии дигари ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ мебошад, ки тайи чанд рӯзи ахир ба саҳнаи даргириҳри шадиди нирӯҳои русиву гурҷӣ табдил шудааст. Мақомоти Гурҷистон ва хабаргузориҳо мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои Русия манотиқи атрофи шаҳри гурҷии Гориро бомборон карданд.

XS
SM
MD
LG