Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳисоби умумидастаӣ дар Олимпиадаи тобистонӣ, ки дар Пекин дар ҷараён аст, феълан тими мунтахаби олимпии Чин бо касби 16 медал – 10 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ – дар ҷои аввал қарор дорад.

Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 20 медал – 6 тило, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ – дар ҷои дувум аст. Дастаи мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ 10 медал – 5 тило ва 5 нуқра – гирифта, дар радифи севум қарор гирфтааст.
Умуман, дар ҳоли ҳозир варзишгарони 40 кишвари ҷаҳон соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд.
Дар байни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳама бештар Русия – 7 медал (4 нуқра ва 3 биринҷӣ) – ба даст овардааст ва дар Олимпиада дар ҷои 16-ум аст. Озарбойҷон бо 1 медали тило дар радифи 12-ум қарор дорад. Тимҳои Беларус, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ки яктоӣ медали биринҷӣ доранд, дар ҷои 32-уманд.
XS
SM
MD
LG