Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ Маскав ва Тифлисро ба мусолиҳа мехонад


Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса имрӯз ба хотири миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъ дар Қафқоз ба Маскав ва Тифлис сафар мекунад. Қарор аст дар музокирот бо Дмитрий Медведев ва Михаил Саакашвилӣ ӯ тарҳи ҳалли мусолиматомези низоъ миёни Русияву Гурҷистонро баррасӣ кунад. Тибқи тарҳи таҳиякардаи Фаронса – садри даврии Иттиҳодияи Аврупо – бояддар минтақа оташбас эълон шавад ва нерӯҳои Русияву Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро тарк намоянд. Ин тарҳро дирӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Саакашвилӣ дар ҳузури вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер имзо кард. Имрӯз Бернард Кушнер ҳам барои мутмаин сохтани мақомоти Русия ба имзои ин тарҳ вориди Маскав мешавад.

XS
SM
MD
LG