Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саакашвилӣ: Русия Гурҷистонро забт карданист


Михаил Саакашвили, раисиҷумҳури Гурҷистон бегаҳи рӯзи душанбе дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони кишвар изҳор намуд, ки нерӯҳои Русия талоши таҳти тасарруф даровардани ҳама қаламрави Гурҷистонро доранд. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки ба Тифлис ҳанӯз хатар таҳдид намекунад.

Дирӯз вазорати дифоъи Русия иттилоъ дар бораи вуруди нерӯҳои кишвар ба шаҳри бандарии Потии Гурҷистонро рад кард. Намояндаи вазорат гуфт, ки фақат як гурӯҳи кашф ба Потӣ рафтааст. Қаблан Ладо Гургенидзе, сарвазири Гурҷистон дар бораи вуруди нерӯҳои Русия ба шаҳри Потӣ хабар дода буд. Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин хабари ишғоли шаҳри Горӣ, воқеъ дар 70 километрии Тифлис аз сӯи низомиёни русро такзиб намуд ва гуфт, ки онҳо сӯи пойтахти Гурҷистон ҳаракат карданӣ нестанд.
XS
SM
MD
LG