Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як нишасти нокоми Шӯрои амнияти СММ


Русия Иёлоти Муттаҳидаро мутмаин сохтааст, ки ҳадафи сарнагун кардани раиси ҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро надорад. Залмай Халилзод, намояндаи ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ин итминонро ӯ аз ҳамтои русаш Виталий Чуркин дарёфт кардааст.

Имрӯз аъзои Шӯрои амнияти СММ боз ҳам барои баррасии вазъ дар Гурҷистон ҷамъ омаданд ва аммо дар мавриди тарҳи пешниҳодкардаи Фаронса барои ҳалли низоъ ба мувофиқа нарасиданд.Виталий Чуркин ин тарҳро шадидан танқид кард ва гуфт, ки дар он аз ҷумла, ба он чӣ дар Осетияи Ҷанубӣ гузашт, ишорае нашудааст.
Тибқи тарҳи таҳиякардаи Фаронса – садри даврии Иттиҳодияи Аврупо – бояд дар минтақа оташбас эълон шавад ва нерӯҳои Русияву Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG