Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзӯи ҷанг дар Осетияи ҷанубӣ ба мисли чанд рӯзи ахир дар сархатти нашрияҳои ғарбӣ қарор дорад.

Рӯзномаи фаронсавии «Ле Монд» дар ин робита навиштааст, ки сарфи назар аз онки гунаҳкори оғози ҷанг дар Осетияи Ҷанубӣ кӣ ҳаст, аммо Русия манфиатдор аст садде дар ҳалли ин қазия гузорад. Ба навиштаи рӯзнома, амалҳои ҷалбкунандаи Русия дар ин минтақа Русия фишори сиёсӣ ва низомӣ бар сари Гурҷистонро фароҳам меорад ва ҳамчунин шомил шудани Гурҷистон ба NATO-ро халадор месозад. Ба таъйиди нашрия, дар ҳамин ҳол Ғарб заъфи худ дар ҳалли ин қазияро намоиш дода ва наметавонанд ба таври возеҳ аз Гурҷистон даъват кунанд, ки ба фишорҳои Русия таслим шавад ва низ ба Русия, ки қазияи Косоворо ба хотир дорад, таъсир гузошта наметавонанд.
Рӯзномаи «Эл-Пайс»-и Испания навиштааст, ки истифодаи нерӯ дар Осетияи Ҷанубӣ аз сӯи раҳбари Гурҷистон натанҳо ба манфиати кор набуд, инчунин сиёсати пуриштибоҳе буд, ки Владимир Путин кӯшиш дорад аз ин лаҳзаи мувофиқ истифода кунад. Ба таъкиди рӯзнома, Путин саросема аз Пекин ба Осетияи Шимолӣ баргашт, то ба амалиёти низомӣ назорат кунад ва низ ба хотир овард, ки ҳамчунон раҳбари Русия буда, омода аст аз усулҳои, ба истилоҳ, чеченӣ кор бигирад.
«Вашингтон пост» бо нашри назари дипломатҳои мустаъфии амрикоӣ Роналд Асмус ва Ричард Ҳолбрук навиштааст, Гурҷистон ба ҳамлаҳои таҳриккунанда аз сӯи Осетияи Ҷанубӣ посух додаааст. Ба гуфтаи онҳо, Гурҷистон ҷангро намехост, балки бо усули истифода аз стратегияи нерӯҳои нарм мехост мавқеъи худро дар Осетияи Ҷанубӣ пурзӯр кунад. Рӯзнома менигорад, ки Гурҷистон ҳар иштибоҳе ҳам карда бошад, аммо наметавонад боиси сафед шудани Русия гардад. Зеро, меафзояд нашрия, Русия бо поймоли талаботи низомномаи СММ ва принсипҳои ҳамкориву амният дар Аврупо ба қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамла оварда ва амали нақзи ҳуқуқи башариро анҷом додааст. Лаҳзаеро, ки Маскав интихоб кардааст, идома медиҳад рӯзнома, намоиши он аст, ки Путин мехоҳад қабл аз интихоботи президентии ИМА Саакашвилиро нарм созад ва ин боъиси он хоҳад гашт, ки Русия бо раисҷумҳури нави ояндаи ИМА муносиботро дар фазои ихтилофот оғоз накунад.
Дар як матлаби рӯзномаи «Уолл стрит ҷорнал» Михаил Саакашвилӣ ҳама айб дар иртибот ба оғози ҷанг ва идомаи он дар Осетияи Ҷанубиро бар сари Русия рехтааст. Ба қавли ӯ, ин ҷангро Гурҷистон таҳрик ва интихоб накардааст, бакли ин нақшаи Кремл аст. Ба қавли Саакашвилӣ, ҷараёни воқиъот дар Осетияи ҷанубӣ замони ворид кардани нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистон дар соли 1979-ро ба хотир меорад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, Гурҷистон ҳама кӯшиши созиш бо Русияро ба харҷ дод, то аз тариқи мусолиматомез Абхозистон ва Осетияи ҷанубиро ба канори Гурҷистон баргардонад. Вале, меафзояд нашрия аз қавли Саакашвилӣ, Русия ба ин иқдомоти Гурҷисон бо истифода аз нерӯ посух дод.
Рӯзномаи итолиёвии « Ла Стампа» навиштааст, ҳузури афзояндаи ИМА дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Русияро «ба девонагӣ расондааст». Бе пуштибонии ИМА Саакашвилӣ ба чунин иқдом даст намезад ва аз усули Амрикоӣ кор намегирифт, афзудааст ин рӯзнома, яъне ҳалли қазия – бо усули ҷанг на бо роҳҳои дипломатӣ. Нашрия аз қавли коршиносон навиштааст, артиши Гурҷистон мутмаъин аст, ки дар ин ҷанг пирӯз хоҳанд шуд, зеро ҷомиъаи ҷаҳонӣ онҳоро пуштибонӣ мекунад ва маҳз ҷомеаи ҷаҳони Груҷистонро ба ин гумроҳӣ расондааст. Рӯзнома меафзояд баъдан Гурҷистон ба як майдони муборизаи ду абарқудрати ҷаҳон Русия ва ИМА табдил мешавад.
XS
SM
MD
LG