Пайвандҳои дастрасӣ

11-уми август Кумисиюни Аврупо аз Маскав даъват кард, ки ба ҳама гуна фаъъолиятҳои низомии худ дар қаламрави Гурҷистон хотима бахшад.

Ҳамзамон Дабири кулли Паймони Атлантикаи шимолӣ ё NATO Русияро дар истифодаи беш аз андозаи нерӯи низомӣ муттаҳам намуд.
Дар ҳоле ки Русия теъдоди нерӯҳояшро дар ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон – Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ – афзоиш медиҳад, раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ иддаъо мекунад, ки Русия талоши сарнагун кардани ҳукуматашро дорад ва аммо дар Маскав ҳама гуна ҳадафи забти ин кишварро рад мекунад.
Сухангӯи Кумисиюни Аврупо хонум Кристина Нагӣ дирӯз эълом дошт: “Мо аз Русия талаб мекунем, ки дар зудтарин фурсат ҳама фаъъолиятҳои низомиаш дар Гурҷистонро мутаваққиф карда, сари мизи музокирот баргардад”. К. Нагӣ ҷонибҳои даргирро ба худдорӣ даъват намуда, афзуд, ки бо убури марзи Гурҷистон нерӯҳои низомии Русия андозаи низоъро тағйир додаанд.
Дабири кулли ин паймон Яаап Де Ҳуп Схеффер дар мавриди истифодаи бетаносуби нерӯи низомӣ аз ҷониби Русия ва адами эҳтиром ба якпорчагии қаламравӣ Гурҷистон изҳори нигаронии амиқ намудааст. Вай ишора намуд, ки анҷоми амалиёти низомӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва мушакҳо ба амалиёти нигаҳдории сулҳ ҳеч рабте надорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сафири Русияи дар NATO Дмитрий Рогозин талаб кардааст, то барои баррасии ин буҳрон нишасти изтирории Шӯрои Русия ва NATO доир гардад.
Интизор меравад, ки имрӯз вазири корҳои хориҷаи Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ низ бо аъзои Шӯрои паймони Атлантикаи Шимолӣ музокирот кунад.
Моҳи апрел NATO изҳор карда буд, ки Гурҷистон дар солҳои наздик метавонад ба узвияти паймон шомил гардад ва ин изҳорот Русияро сахт нороҳат карда буд. Кармен Ромеро инчунин гуфтааст, ки NATO аз миёҷигарии байнулмилалӣ дар пояи арҷгузорӣ ба якпорчагии Гурҷистонро пуштибонӣ мекунад, аммо барои дахолати мустақим ба ҳалли низоъҳо дар Қафқоз ваколат надорад.
Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфтааст, дирӯз вузарои 7 кишвари пешрафтаи ҷаҳон – ИМА, Жопун, Итолиё, Фаронса, Олмон, Бритониё ва Конодо – конфронси телефонӣ баргузор карда, аз Русия талаб намудаанд, то ба оташбаси фаври розӣ шуда, якпорчагии Гурҷистонро эҳтиром кунад.
Гуфта мешавад, ки дар мавриди амалиёти низомии Русия дар Гурҷистон кишварҳои аврупоӣ мавқеъи ягона надоранд: ҳарчанд ки аксарияташон чун раҳбарони кишварҳои соҳили Балтик ва Лаҳистон иқдоми Маскавро қотеъона маҳкум мекунанд, иддае, аз ҷумла нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ, назари комилан хилофро баён мекунанд. Дар суҳбат бо рӯзномаи “Ла Стампа” вазири умури хориҷаи Итолиё Франко Фратинӣ изҳор дошт, ки “мо эътилофи зиддирусӣ дар Аврупо ташкил дода наметавонем ва дар ин нукта мавқеъи Путин ба мо наздиктар аст.” Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки бо гоми бардоштааш раисҷумҳури Гурҷистон Саакашвилӣ кишварашро аз Иттиҳодияи Аврупо дуртар кашидааст.
XS
SM
MD
LG