Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти амалиёти нав дар Гурҷистон


Вазорати дифоъи Русия гуфт, воқеан нерӯҳои он аз минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони Гурҷистон то ба дохили қаламрави Гурҷистон ҳаракат кардаанд. Вазорати дифоъ гуфт, ҳаракат ба шаҳри Сенакӣ зарур аст, то аз ҳамлаҳои нави Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ пешгирӣ карда шавад. Вазорати дифоъи Гурҷистон гуфт, мошинҳои зиреҳпӯши Русия ба сӯи пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Сенакӣ ҳаракат кардаанд. Ҳукумати Гурҷистон пештар гуфт, 4 ҳазор сарбози Русия ба Абхозистон ворид шудааст ва Маскав ба “таҷовузи нав” дар ин минтақа омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG