Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ва бӯҳрони Осетияи Ҷанубӣ


Низомиёни Русия дар Осетияи Ҷанубӣ

Низомиёни Русия дар Осетияи Ҷанубӣ

“Агар душмани шумо эмин аст, пас худро омода кунед. Агар ӯ тавоност, аз ӯ дар канор бошед. Агар рақиби шумо эҳсосист, пас ӯро барангезед, Худро заъиф вонамуд кунед, то вай густох шавад”.

Зоҳиран раҳбарони Русия ин дастури Сун Тзу - барномарези низомии Чин дар 2000 сол пешро назар ба ҳамкоронашон дар Гурҷистон хубтар омӯхтаанд ва ё аз ҳодисаҳои ахир дар Осетияи Ҷанубӣ чунин бармеояд.

Русия солҳои тӯлонӣ борҳо кӯшиш кард, то Гурҷистонро барангехта, ба як амалиёти низомӣ ба зидди Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ бикашад. Паси ин ҳадафи Русия зоҳиран ин андеша ниҳон буд, ки амалиёти Гурҷистон дар минтақаҳои ҷудоихоҳ, ки бо харобиову ҳалокати мардум, мавҷи гурезаҳо омехта хоҳад буд, ҳукумати Гурҷистонро дар чашми ҳомиёни ғарбиаш беобрӯ карда ва майли он кишвар ба узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро таҳти шубҳа қарор медод.

Бар изофаи ин Русия бо назардошти вазифаи қонунии худ таҳти маъмурияти посдори сулҳ метавонист, даъво кунад, ки ҳимоят аз шаҳрвандони он кишвар, яъне ҳазорон абхозиву осетинии соҳиби шиносномаҳои русӣ вазифаи ахлоқиаш аст. Хулоса, Русия баҳонае барои мудохилаи ба истилоҳ “башарӣ” меҷуст.

Ва дар ниҳоят Гурҷистон ҳафтаи гузашта ин баҳонаро пеш овард. Баъди як силсила муноқишаҳои пароканда бо нерӯҳои ниманизомии Осетияи Ҷанубӣ тонку тӯпҳои Гурҷистон бо тамоми нерӯ ва ба таври ногаҳонӣ борони тирро ба ба шаҳри Схинвалӣ ба мавқеъҳои посдорони сулҳи Русия рехтанд. Ва албатта ҳадафҳои ғайринизомӣ низ бенасиб намонданд, харобӣ ба миён омад, мардуми ғайринизомӣ шояд ҳазорон нафар қурбон ва мавҷи паноҳандагон низ пайдо шуд.

Посухи Русия низ ба ин қобили пешбинӣ, яъне зуд ва сахтгирона буд. Фармондеҳони Русия на танҳо амалиёти ҷавобӣ барои бозпас гирифтани шаҳри Схинвалиро шурӯъ карданд, балки дастур доданд, то ҳадафҳои фаротар аз шаҳри Схинвалӣ нишон гирифта шавад. Баъзе аз таъсисоти низомии Гурҷистон дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Горӣ ҳамсояи Осетияи Ҷанубӣ шоҳиди бомбандозии ҳавопаймоҳои Русия шуданд.

Пас аз кӯшишҳои бенатиҷаи Гурҷистон барои таҳти итоат даровардани Осетияи Ҷанубӣ дар августи соли 2004 ҷангҳои ахир яке аз ҷиддитарин муноқишаҳо дар минтақа ба ҳисоб меравад ва маълум ҳам нест, ки он кай ва чӣ гуна хотима меёбад. Возеҳ аст, ки таҳҳавулоти ахир шикасти фоҷиавӣ барои тамоми тарафҳои дахил дар ҳалли муноқишаҳои бадарозокашидаи Гурҷистон бо манотиқи бегонашудаи худмухтори он мебошад. Вале аз сиёсатгузорони тамоми тарафҳо аз он метавонанд дарс бигиранд.

Таҳавулли ҳозира дар марҳилаи феълӣ моро водор мекунад, доир ба ояндаи Гурҷистон фикр кунем, на нақшаи ҷуғрофиаш. Ҳамлаи Гурҷистон ба Схинвалӣ барои ин кишвар на манфиати низомӣ дод ва на манфиати сиёсӣ, балки баръакс ба душманонаш баҳонаҳои олие дод, то Гурҷистонро девсон ҷилва диҳанд. Ҳукумати Гурҷистон ва шахсан раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ бояд масъулияти ин хатои қабеҳи қазовати нодурустро бар дӯш гирифта ва аз ин пас ба роҳи ҳалли сиёсии бӯҳрон тавваҷӯҳ кунад.

Давраи раёсати ҷумҳури Саакашвилӣ зоҳиран давраи имконоти аз даст рафта ба назар хоҳад омад ва ин як шармандагӣ аст ва на ҳадди аққал на барои он ки раиси ҷумҳури Гурҷистон ба усулҳои демократия тааҳҳуд кардааст. Гурҷистон бояд роҳеро пайдо намояд, ки вазъи мардуми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон беҳбуд бахшида, ва ба шикоятҳои онҳо, ки солҳо боз аз ҳукумати Тифлис доранд, гӯш диҳад.

Ақибнишинии артиши Гурҷистон ва барқарории назорат бар Осетияи Ҷанубӣ шояд дар афкори раҳбарони Русия тассавури барқарории адолат ва ҷазои хатокор барои манфиати муштаракро ҳосил кунад. Аммо ин тасаввури хатост. Чун роҳи классикии мудохилаи Русия дар гузашта, мудохилаи империалистии Русия дар Осетияи Ҷанубӣ дукунҷӣ буд, яъне наҷоти аққалияти ҷабрдида аз таҷовузи бесабаб ва задани садамаи болоратини низомӣ ва сиёсӣ ба аксарияти таҷовузгар. Шояд Русия ба ин ҳарду ҳадафаш расида бошад, аммо муваффақияти низомии он ба таври барҷаста осебпазириашро нишон медиҳад.

Русия, ки даҳсолаҳо боз бо ҳаракатҳои ҷудоихоҳи саркаши худ дар Қафқози Шимолӣ дастбагиребон аст, манфиатдор аст, то бо ҳукумати Гурҷистон барои ба итоати он даровардани минтақаҳои ҷудоихоҳаш кор кунад. Ва баёнияи Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия, ки бозгаштан ба мавқеъҳои пештара дар Осетияи Ҷанубӣ ғайриимкон аст, метавонад бар зиёни Русия бошад, зеро даъвоҳо барои ишғоли замину ҷудоиандозии он кишварро асос медиҳад.

Ва дар ниҳоят, ҷомеаи байналмилалӣ низ бояд аз ин муноқиша дарс бигирад. Шӯъла задани ҷанг қисман ба айби дудилагӣ ва талошҳои дилнохоҳами миёнҷигарии кишварҳои Ғарбӣ дар минтақа аст. Акнун бояд қарорҳои маҳкаме қабул шавад. Ҳоло фурсати он аст, то ҷомеаи байналмилал ба нақши Русия ҳамчун посдори сулҳ дар минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон назар кунад, зеро дигар Русияро наметавон ҷониби бетараф дар низоъ шумурд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико бояд коре кунанд, ки сулҳ дар ин минтақаи ҳаётан муҳим бо нерӯҳои чандмиллатӣ ва воқеан бетарафи посдори сулҳ таъмин кард.

XS
SM
MD
LG