Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Эрону Аврупо идома мекунад


Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, сарпарасти музокироти атомии ин кишвар Сайид Ҷалилӣ ва сиёсатгузори умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо Хавиер Солана зимни гуфтугуи телефонӣ мувофиқат кардаанд, то барои ҳалли бӯҳрони атомии Эрон “музокиротро дар фазои созанда” идома диҳанд. Дафтари Хавиер Солана хабари мазкурро таъйид карда, вале ҷузъиёте доир ба он надодааст. Ҳафтаи гузашта Иттиҳодияи Аврупо ба зидди Эрон таҳримоти нав эъмол кард, зеро ҳукумати Теҳрон дар фурсати муқарраршуда ба бастаи пешниҳодии шаш қудрати ҷаҳонӣ посух надод. Ин қудратҳо дар ивази бастаи имтиёзҳои иқтисодиву сиёсӣ аз Эрон мехоҳанд, то фаъолиятҳои ғанисозии ураниуми худро боздорад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасд дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад кардааст.

XS
SM
MD
LG