Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев баррандаи нишони биринҷӣ


Дар сабқати олимпӣ дзюдочиии тоҷик Расул Боқиев дар вазни то 73 килограмм ҷои сеюмро ишғол намуда, сазовори медали биринҷии бозиҳои олимпии Пекин гардид. Ӯ Эрик Кибанза аз Ҷумҳурии Демократии Конго, Геннадий Билодид аз Украина ва варзишгари мизбон Си Риҷигаваро мағлуб намуд. Аммо дар роҳ ба финал варзишгари Кореяи Ҷанубӣ, қаҳрамони ҷаҳон Ванг Кичун ӯро ноком кард. Дар ҳунарнамоӣ барои ҷои саввум Боқиев варзишгар Белгия Дирк Ван Тичелтро шикаст дод. Дар ин вазн дзюдочӣ аз Озарбойҷон Элнур Маммадлӣ қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шуд. Ӯ дар ҳунарнамоии ниҳоӣ варзишгари Ванг Кичунро дар 13 сония мағлуб намуд.

XS
SM
MD
LG