Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин - 2008 дар вазни то 73 килограмм дар бахши дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Вай 11-уми август дар сабқати гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг нахуст бар гуштигири Конго Эрик Кибанза дастболо шуд. Сипас бар варзишгари Укроин Геннадий Билодид ва намояндаи Чин Си Риҷигава ғолиб омад.
Вале барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Расул Боқиев дар рақобати ниманиҳоӣ аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, мағлуб гардид. Паҳлавони тоҷик барои ҷои севум рақибаш қаҳрамони Аврупо Ван Тичелт Диркро шикаст дод.
Дар даври ниҳоӣ Элнур Маммадлии озарӣ бар Ки Чун Ванг, аз Куриёи Ҷанубӣ, дастболо шуда, соҳиби медали тилло шуд. Ки Чун Ванг бо медали нуқра сарфароз гашт.
Расул Боқиев ва Леандро Гуилҳейрои бразилӣ ҷойҳои севумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин медали олимпичиёни тоҷик дар тӯли 16 соли ахири ширкати варзишгарони кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG