Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО рафтори Русияро маҳкум кард


Дабири кулли НАТО Яаап Де Ҳоп Схеффер имрӯз Русияро барои ончӣ, ки вай “истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ва эҳтиром накардани тамоми арзии Гурҷистон” хонд, маҳкум кард. Пештар аз ин амалиёти низомии Русия аз минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубии Гурҷистон фаротар рафт. Рӯзи якшанбе раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ, ки мехоҳад, кишвараш ба рағми мухолифати Русия узви НАТО бошад, аз ин паймон ва Созмони Милал тақозо кард, ба гуфтаи вай ба “таҷовузи Русия” хотима диҳанд. Бино ба гузоришҳо, Екатерина Ткешелашвилӣ - вазири умури хориҷаи Гурҷистон, фардо рӯзи сешанбе дар шаҳри Брюссел бо намояндагони НАТО мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG