Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҷангҳо дар Осетияи Ҷанубӣ


Бино ба гузоришҳо, ҷанги нерӯҳои Русия ва Гурҷистон дар дохил ва атрофи минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ имрӯз низ идома кард. Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, “сипоҳи” беш аз 50 ҳавопаймоҳои ҷангии Русия, ҳамлаҳои тозае дар қаламрави Гурҷистон анҷом доданд. Ба гуфтаи вазорат, пойтахт шаҳри Тифлис ва ҳамчунин рустои Коҷорӣ дар кӯҳи Махата бомборон шудааст. Ба иттилоъи хабаргузории русии “Интерфакс», субҳи имрӯз сарбозони Гурҷистон бо ҳамла ба пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинвалӣ, се сарбози посдори сулҳи Русияро кушта ва 18 тани дигари онҳоро захмӣ кардаанд. Аммо ин гузоришҳоро ҳеҷ аз яке аз тарафҳо таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG