Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико Русияро муттаҳам мекунад


Залмай Халилзод дар ША СММ

Залмай Халилзод дар ША СММ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Русияро муттаҳам кард, ки ба фарохонии артиши Гурҷистон аз Осетияи Ҷанубӣ монеъ мешавад.

Ҳамзамон ИМА даъват намуд, ки ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ хориҷ шаванд.

Зимни суханронии худ дар Шӯрои Амнияти СММ фиристодаи вижаи Амрико Залмай Халилзод гуфт, ки Русия “бевиҷдонона” кӯшиш мекунад, то даргириҳо идома ёбанд: “Ман аз Федерасиюни Русия даъват мекунам, ки ин ҳамла алайҳи давлати худмухтор ва демократии Гурҷистонро хеле эҳтиётона арзёбӣ кунад. Агар Русия ба ҳамлаҳояш ба Гурҷистон идома дода, аз ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сулҳомези ин буҳрон саркашӣ намояд, ин ба робитаҳояш бо ИМА ва ҷомиъаи байнулмилалӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт”.
Халилзод афзуд, ки кишвараш дар зудтарин фурсат ба Шӯрои Амнияти СММ тарҳи қатъномаеро бо талаби хотимаи фаврии даргириҳо миёни Гурҷистону Русия пешниҳод хоҳад кард. Ва аммо сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин иддаъоҳои Амрикоро дар бораи он ки Русия дар Гурҷистон маъракаи густардаи террористиро оғоз кардааст ғайри қобили қабул хонд. Вай афзуд, ки Маскав омодааст, ба ҷанг хотима диҳад: “Дар мавриди оташбаси билофосила, ман фикр мекунам, хеле возеҳ шарҳ додаам, ки чаро ин посухи муносиб ба вазъи баамаломада буда наметавонад. Посухи муносиб – ин фарохонии артиши Гурҷистон аз Осетияи Ҷанубӣ ва ризояти Тифлис ба имзои созишномаи адами истифодаи нерӯ бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон хоҳад буд”.
Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки онҳо дар Осетияи Ҷанубӣ оташбас эълон карда ва хостори гуфтушунид бо Русия шудаанд. Ва аммо, тибқи гузоришҳо, Русия намехоҳад даргириҳо ба поён расанд ва ҳамоно ба бомбаборон кардани ҳадафҳо дар атрофи пойтахти Гурҷистон Тифлис идома медиҳад.
Қаблан Гурҷистон хабар дода буд, ки нерӯҳои низомии Русия пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинволиро баъд аз задухӯрдҳои шадид таҳти назорати худ даровардаанд.
XS
SM
MD
LG