Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сад тан аз Толибон дар минтақаи Хайр


Низомиёни Покистон хабар доданд, ки тайи чаҳор рӯзи ахир ба асари як амалиёт дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дасти кам 100 тан аз толибон кушта шуданд. Дар ин набардҳо ҳамчунин 9 низомии ҳукуматӣ ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки зимни ҳамла ба мавқеъҳои Толибон аз ҳавопаймоҳои низомӣ ва тупхона истифода шудааст. Задухурдҳо ҳафтаи гузашта баъди он шурӯъ шуданд, ки толибон ба як постгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Хайр ҳамла карданд. Гуфта мешавад, ки сокинони ин минтақа ба теъдоди бузурги толибон ва мусаллаҳони Ал-Қоида паноҳгоҳ додаанд.

XS
SM
MD
LG