Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бутефлиқо вориди Теҳрон шуд


Абдулазиз Бутефлиқо, раисиҷумҳури Алҷазоир имрӯз сафари расмии худ ба Эронро шурӯъ мекунад. Қарор аст, раҳбари Алҷазоир, ки бори ахир панҷ сол пеш ба Теҳрон сафар карда буд, имрӯз бо раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси Маҷлиси Эрон Алии Лориҷонӣ музокирот анҷом диҳад. Расонаҳои Эрон хабар доданд, ки дар ин сафар Абдулазиз Бутефлиқоро вазирони умури хориҷа, энерҷӣ, сохтмон, маориф ва беҳдошт ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG