Пайвандҳои дастрасӣ

Оташбас эълон шуд, аммо даргириҳо идома дорад


Гурҷистон гуфт, раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ амр додааст, ки дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ оташбас эълон шавад. Дар як изҳорот вазорати хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, ки Тифлис омода аст дафъатан бо Русия сари мизи гуфтугӯ нишинад, то ки ба мухолифатҳо хотима дода шавад. Аммо хабаргузории Интерфакс дар нақли қавл аз як мақоми вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ садои тиру туфанг ба гӯш мерасад. Чанде қабл аз ин Гурҷистон эътироф карда буд, ки дар пайи муқовиматҳои пуршиддат нирӯҳои Русия назоратро бар пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинвалӣ ба даст оварданд. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, ки нирӯҳои гурҷӣ аз шаҳр берун шуданд, ҳарчанд манобеи русӣ ин иттилоъро рад мекунанд. Имрӯз ИМА бояд ба баррасии Шӯрои амнияти СММ тарҳи қатъномаеро пешниҳод кунад, ки дар он "таҳоҷуми" низомии Русия болои Гурҷистон чун як амали "ғайри қобили қабул" тавсиф шудааст. Изҳороте ба ин манзур аз ҷониби сухангӯи ҳайати ИМА дар СММ садо дод. Дар ҳамин ҳол, муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин давлатҳои ғарбиро дар мавқеи якҷонибаи пуштибон аз Гурҷистон маҳкум карда гуфтааст, ки чунин иқдом ба равобити ояндаашон бо Маскав таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG