Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти фармондеҳи Толибон дар Урузгон


Сарбозони австралиягӣ гуфтанд, ки дар ҷануби Афғонистон як фармондеҳи баландпояи Толибонро боздошт карданд. Вазорати дифои ин кишвар аз Мулло Боригул чун яке аз чеҳраҳои калидии ҳамлаҳои пурхушунат дар вилоят ёд мекунад. Мақомоти вазорати дифои Австралия мегӯянд, ки масъулияти Боригул аз пайдо кардани маблағ, таҷҳизоту муҳимоти ҷангӣ ва ҷангиёни хориҷӣ барои анҷоми амалиёти тундгароёна дар вилояти Урузгон иборат буд ва ӯ яке аз раҳбарони соягии ин вилоят аст, ки кулли ҳамлаҳоро дар ин қаламрав таҳти назорат доштааст. Мақомоти Австралия мегӯянд, ки боздошти фармондеҳи Толибон ба амалиёти шӯришиён дар минтақа таъсири мустақим хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG