Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хоҳони ҷанги зидди террор дар Покистон шуд


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай имрӯз аз муттафиқони низомиаш дар Ғарб хост, ки сиёсати зиддитеррори худро таҳрир карда бар ивази он паноҳгоҳҳои тундгароёнро дар Покистон ҳадаф қарор диҳанд. Зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон дар Кобул Карзай гумонзаниҳои худро такрор карда гуфт, ки ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида дар қароргоҳҳои Покистон панаҳ бурда аз он ҷо зидди Афғонистон амалиёт пиёда мекунанд. Карзай инчунин мукарраран гуфт, ки ҷомеаи иттилоотии Покистон ба шӯришиёни исломӣ барои сарнагун кардани ҳукумати Афғонистон мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG