Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ оташбас эълон кард


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ оташбас эълон кард. Дар як изҳорот вазорати хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, ки Тифлис омода аст дафъатан бо Русия сари мизи гуфтугӯ нишинад, то ки ба мухолифатҳо хотима дода шавад. Чанде қабл аз ин Гурҷистон эътироф карда буд, ки дар пайи муқовиматҳои пуршиддат нирӯҳои Русия назоратро бар пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинвалӣ ба даст оварданд. Вазорати хориҷаи ин кишвар гуфт, ки нирӯҳои гурҷӣ аз шаҳр берун шуданд, ҳарчанд манобеи русӣ ин иттилоъро рад мекунанд. Паймони низомии НАТО ва Кохи Сафед иқдоми Русияро дар низои баамаломада чун як амали "номутаносиб" сифат дод. Ҷеймс Ҷефрӣ, муовини мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурӣ Буш гуфт, ки рӯйдодҳои мазкур дар дарозмуддат ба равобити миёни ИМА ва Русия таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Дар ҳамин ҳол, муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин давлатҳои ғарбиро дар мавқеи якҷонибаи пуштибон аз Гурҷистон маҳкум карда гуфтааст, ки чунин иқдом ба равобити ояндаашон бо Маскав таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG