Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин 8 нафар ба ҳалокат расиданд


Расонаҳои хабарии давлатии Чин мегӯянд, ки дар натиҷаи даргириҳо дар вилояти шимолуғарби Шинҷони ин кишвар ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса аз тиру туфанг ва бомба истифода шудааст. Хабаргузории расмии Синҳуа мегӯяд, ки полис панҷ гумонбарро кушта, илова ба ин, ду афсари полис ва як муҳофиз дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ки ҳамлагарон маводи мунфаҷираи худсохтро ба сохтмонҳои маъмурӣ партоб карда ду мошини полисро хароб карданд. Шинҷон маҳалли зисти аксар уйғурҳои мусулмонтабор мебошад. Ҷудоихоҳони уйғур солҳои тӯлонӣ аст, ки зидди ҳукумати Чин мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG