Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба таҳримҳои нав муқовимат хоҳад кард


Хабаргузории давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон - ИРНО дар нақли қавл аз сухангӯи ҳукумат навиштааст, ки ин кишвар омода аст ба таҳримҳо дар робита бо барномаи баҳсбарангези ҳастаиаш муқовимат кунад. Рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо маҳдудиятҳои тиҷоратиро нисбати Эрон шадидтар кард ва давлатҳои қудратманди узви СММ таҳдид карданд, ки даври чаҳоруми таҳримҳои Эронро барои мухолифаташ дар хатми ғанисозии ураниум ҷорӣ хоҳанд кард. Ғуломҳусайни Илҳом, сухангӯи ҳукумати Эрон гуфт, ки сиёсати атомии Ҷумҳурии Исломӣ тағйир нахоҳад хӯрд ва кишвари вай ба ҳама гуна шароит мутобиқ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG