Пайвандҳои дастрасӣ

Абхозистон нирӯҳояшро басиҷ мекунад


Дар шароити идомаёбии даргириҳои миёни нирӯҳои Русия ва Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ, мақомоти минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон ба басиҷшавии кулли нирӯҳои низомии ин ҷумҳурӣ даъват кардаанд. Сергей Багапш, раҳбари ин ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳудудан ҳазор сарбозро ба водии Кодорӣ, минтақаи дигари мавриди баҳси миёни Гурҷистону Абхозистон сафарбар мекунад. Ҳанӯз мушаххас нест, ки ҳадаф аз ирсоли ин нирӯҳо шурӯи амалиёти низомӣ аст ё хайр. Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки ба Абхозистон ҳудудан 4000 нирӯи русӣ ворид шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG