Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 10 тан дар Каписо


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар паи рӯёрӯиҳои заминӣ ва ҳамлаҳои ҳавойӣ дар наздикии Каписо, 60-километрии шимоли Кобул дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Раҳимулло Сафӣ, муовини волии Каписо гуфт, ки ҳама қурбониҳои ин ҳодиса афроди мулкӣ мебошанд. Аммо раиси полиси вилоят Мутеулло Сафӣ гуфт, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ин нафарон ҷангиёни пуштибон аз Толибон буданд ё афроди мулкӣ. Эътилофи таҳти раҳбарии ИМА мегӯяд, ки дар ин минтақа ҳамлаҳои ҳавоӣ бидуни хисороте анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG