Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

20 Толиб кушта шуд


Полиси Афғонистон мегӯяд, ки дар ҷараёни даргириҳо дар вилояти ғарбии Фараҳ ва таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар қисмати шарқии ин кишвар беш аз 20 ҷангии Толибон кушта шуданд. Толибон дар Фараҳ ба корвони артиши Афғонистон ҳамла бурда як тонкро хароб карданд. Аммо ҳеҷ хисороте ба мушоҳида нарасидааст. Дар пайи ҳамлаҳои мушакии нирӯҳои маҳаллӣ 20 Толиб кушта ва 14 ҷангии дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар вилояти шарқии Пактико як бомбаи сарироҳӣ зимни убури мошини полис аз болои он мунфаҷир шуд ва панҷ афсари полисро кушта ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG