Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати Схинвалӣ ба дасти Русия гузашт


Гурҷистон эътироф кардааст, ки дар пайи муқовиматҳои пуршиддат нирӯҳои Русия назоратро бар пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шаҳри Схинвалӣ ба даст оварданд. Сухангӯи вазорати хориҷа Шота Утиашвилӣ гуфт, ки нирӯҳои гурҷӣ аз шаҳр берун шуданд. Вай инчунин афзуд, ки нирӯҳои дигари заминии артиши Гурҷистон аз манотиқи дигари ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ берун шуданд. Аммо ҷониби Русия мегӯяд, ки низомиёни Гурҷистон ҳамоно дар манотиқи дигари Осетия мустақар мебошанд. Дар идомаи изҳороти сухангӯи вазорати дохилаи Гурҷистон гуфта мешавад, ки Русия дар паи роҳандозии таҳоҷуми нав болои ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон мебошад. Дар гузориши ҳукумати Гурҷистон омадааст, ки ба Абхозистон 4000 нирӯи русӣ ворид шудаанд. Раҳбари ин ҷумҳурӣ Сергей Багапш ба басиҷшавии пурраи артиш амр дода гуфтааст, ки ба водии Кодорӣ, ки мояи дигари баҳс бо Гурҷистон мебошад, ҳудудан 1000 сарбозро ирсол кардааст.

XS
SM
MD
LG