Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон хостори миёнҷигии ИМА шудааст


Гурҷистон аз ИМА дархост кардааст, ки дар баҳси низомӣ бо Осетияи Ҷанубӣ дар муқобили Русия ба ҳайси миёнҷӣ иштирок кунад. Дабири Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая дар сӯҳбат бо Франс-Пресс гуфт, ки ҳукумати вай аз вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс хоҳиш кардааст, ки паёми Тифлисро ба Маскав бирасонад. Дар айни замон, ҳайате иборат аз намояндаҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва паймони низомии НАТО роҳ сӯи Гурҷистон гирифтаанд, то ки барои оташбаси ҷонибҳо мусоидат кунанд. Аммо аз изҳороти оқои Ломая бармеояд, ки Гурҷистон хостори мудохилаи мақомоти сатҳи баландтари ҳукумати ИМА мебошад.
XS
SM
MD
LG