Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ақибнишинӣ мекунад


Дар шароити шиддатёбии муқовимвати миёни нирӯҳои Маскаву Тифлис артиши Гурҷистон имрӯз ба берункашии воҳидҳои низомиаш аз мавқеъҳое дар Осетияи Ҷанубӣ шурӯъ кард. Ҳанӯз мушаххас нест, ки оё ақибнишинии низомиёни гурҷӣ танҳо дар Схинвалӣ, пойтахти ҷумҳурии ҷудоихоҳ сурат мегирад ва ё кулли қаламрави Осетияи Ҷанубиро дар бар хоҳад гирифт. Дар ин замина мақомот иттилооти мухталиф пахш мекунанд. Вазири умури реинтегратсияи Гурҷистон Темур Якобашвилӣ гуфт, ки нирӯҳои гурҷӣ имрӯз Схинвалиро тарк гуфтанд. Хабарнигори Ройтерс аз марзи Осетияи Ҷанубӣ гузориш медиҳад, ки корвони бузурги зиреҳпӯшҳо ба манотиқи таҳти контроли Гурҷистон бармегардад. Якобашвилӣ гуфт, ки нирӯҳои гурҷӣ дар манотиқи дигари Осетияи Ҷанубӣ боқӣ хоҳанд монд. Вай гуфт, ки берункашии нирӯҳо ба ташкили гузаргоҳе барои интиқоли маводи башарӣ ва маҷрӯҳону захмиҳо аз Схинвалӣ мусоидат хоҳад кард. Дар пойтахти Осетияи Ҷанубӣ шурӯъ аз рӯзи ҷумъа даргириҳои миёни нирӯҳои русиву гурҷӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG