Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Лаҳистон ба ташкили ҷаласаи изтирории ИА


Лаҳистон имрӯз ба ташкили ҷаласаи изтирории Иттиҳодияи Аврупо даъват намуд, то ки мавзӯи тавсеаи низои миёни Гурҷистон ва Русияро баррасӣ кунад. Вазири хориҷаи ин кишвар Радослав Сикорски гуфт, ки Лаҳистон аз раҳбари давраии ИА Фаронса тақозои ташкили билофосилаи ин нишастро кардааст. Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер итминони хотир додааст, ки чунин нишаст дар наздиктарин фурсат доир мешавад.
XS
SM
MD
LG