Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осетияи Ҷанубӣ ҳамоно дар оташи ҷанг месӯзад


Раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ Русияро барои шурӯъи "таҳоҷуми густурдаи низомӣ" болои кишвараш муттаҳам кард.

Дар ҳамин ҳол, порлумони Гурҷистон бо дархости раисҷумҳур Михаил Саакашвилӣ қарори ҷоришавии вазъияти низомӣ дар кишварро ба муҳлати 15 рӯз ба тасвиб расонд. Қарори мазкур басиҷшавии сарбозону афсарони захиравиро дар саросари кишвар иҷоза медиҳад.
Михаил Саакашвилӣ рӯзи шанбе бо пахши изҳороте ба оташбаси билофосила даъват карда, нерӯҳои Русияро барои роҳандозии "поккориҳои қавмӣ" дар Осетияи Ҷанубӣ муттаҳам кард: "Нерӯҳои Русия, тонкҳои Русия, ки вориди Осетияи Ҷанубӣ шуданд, раҳораҳ кулли аҳолии гурҷитабори Осетияи Ҷанубиро берун карданд. Шурӯъ аз субҳи имрӯз онҳо як амалиёти поккории қавмиро дар ҳама манотиқи таҳти контроли худ дар Осетияи Ҷанубӣ ба роҳ монданд".
Раисҷумҳури Гурҷистон инчунин нерӯҳои Русияро дар ҳамлаи ҳадафмандона болои афрод ва сохтмонҳои ғайринизомӣ, бо шумули шифохонаҳову манзилҳои зист дар қаламрави Гурҷистон, муттаҳам кард.
Хабарнигори радиои Озодӣ дар Гурҷистон Коба Ликликадзе, ки замони бомбборони ҳавоӣ дар шаҳри Горӣ қарор дошт, роҷеъ ба таалафоти зиёди инсонӣ, ки бо чашми худ дидааст, чунин нақл кард: "Дар наздикии захирагоҳи тӯпхона, ки дар даромадгоҳи шаҳр ҷойгир аст, мо шоҳиди саҳнаи ваҳшатноке шудем. Дар наздикии ин қароргоҳ ду сохтмони манзил ба коми оташ фурӯ рафта буд. Ин маҳал пур аз ҷасадҳо буд".
Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ даргириҳои шадиди миёни нирӯҳои Русияву Гурҷистон барои назорат бар ин минтақа идома дорад. Фармондеҳи нерӯҳои заминии Русия Владимир Болдирев гуфт, ки субҳи шанбе сарбозони онҳо шаҳри Схинволиро "пурра озод" карда, нерӯҳои низомии гурҷиро аз шаҳр берун карданд. Изҳороти мазкур ҳанӯз тавассути манбаъҳои мустақил таъйид намешавад.
Субҳи 9-уми август раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар Кохи Кремлин бо вазири дифоъи кишвараш мулоқоте анҷом дод. Медведев гуфт, ки посдорони сулҳи Русия ва ҷузвутомҳои тобеъи онҳо "амалиётеро роҳандозӣ карда, талош доранд ҷониби Гурҷистонро барои сулҳ водор созанд". Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров таъйид кард, ки то имрӯз бар асари даргириҳо дар ин минтақа 1500 нафар ҷон додаанд.
Маскав мегӯяд, ки беш аз 30 000 сокинони Осетияи Ҷанубӣ маҳалли ҷангро тарк гуфта вориди хоки Русия мешаванд. Дар ҳамин ҳол, генерал Анатолий Ноговитсин, муовини фармондеҳи ситоди кулли нерӯҳои Русия, дар як нишасти матбуъотӣ дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳо Русия ду ҳавопаймояшро аз даст додааст. Бо зикри ин матлаб вай мушаххасан нагуфт, ки оё ин ҳавопаймоҳо кай ва дар куҷо нобуд шудаанд.
Вале мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои Русия бандари Потии Гурҷистон дар баҳри Сиёҳ ва дигар ҳадафҳо дар қаламрави ин кишвар, аз ҷумла шаҳри Гориро, бомбборон карданд.
XS
SM
MD
LG