Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тиллои нахустини олимпӣ насиби Чехия шуд


Нишони нахустини тиллои бозиҳои олимпии соли 2008 насиби варзишкори Ҷумҳурии Чех Катерина Эммонс шуд. Хонум Эммонс барандаи мусобиқаи тирандозӣ шуд. Чанд лаҳза баъди пирӯзии ӯ, варзишкорзани чинойӣ Чен дар бахши вазнабардорӣ соҳиби нахустин нишони тиллоии бозиҳои олимпии имсола гардид. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин рӯзи ҷумъа бо маросими вижае ифтитоҳ ёфт, ки барои тамошои он 91 ҳазор нафар, аз ҷумла 80 раҳбари кишварҳои мухталифи ҷаҳон гирди ҳам омада буданд.
XS
SM
MD
LG