Пайвандҳои дастрасӣ

Бузургдошти хотири қурбониҳои таркиши Нагасаки


Рӯзи 9 август дар Ҷопон маросими бузургдошти хотири қурбониҳои таркиши бомбаи атомӣ дар шаҳри Нагасаки 63 соли пеш баргузор шуд. Беш аз 5000 нафар дар маросими вижае иштирок карданд, ки дар Боғи Сулҳи шаҳри Нагасаки доир шуд. Таркиши мазкур дар соли 1945, ки боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор сокини ин шаҳраки ҷопонӣ шуд, се рӯз баъди бомборони шаҳри Ҳирошима рӯй дод.
XS
SM
MD
LG