Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар Ироқ ҷони 21 нафарро гирифт


Дар як шаҳри шимолии Ироқ бар асари таркиши маводи мунфаҷирае дар дохили мошин дасти кам 21 нафар ба ҳалокат расида, ҳудудан 70 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса шоми ҷумъа дар бозори шаҳри Талафар, воқеъ дар 450 километрии Бағдод рӯй дод. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки дар миёни захмиҳо панҷ афсари полиси ироқӣ ҳам мебошанд.
XS
SM
MD
LG