Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев аз Маскав берун шудани нирӯҳоро тақозо кард


Вазорати хориҷаи Украина бо пахши изҳороте роҷеъ ба вазъи Осетияи Ҷанубӣ аз Русия тақозо кард, ки нирӯҳояшро берун кашад. Дар изҳороти мазкур аз Маскав тақозо мешавад, ки "нирӯҳои низомиашро аз қаламрави Гурҷистон берун кашида аз хештандорӣ кор бигирад". Киев аз Маскав даъват кард, ки бо истифода аз нуфузаш болои мақомоти ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ намояндаҳои ҷонибҳои даргирро сари мизи гуфтугӯ нишонад.
XS
SM
MD
LG