Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бушу Путин мавзӯи Осетияиро баррасӣ карданд


Кохи Сафед гуфт, ки раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш мавзӯи даргириҳои Осетияи Ҷанубиро бо нахуствазири Русия Владимир Путин баррасӣ кардааст. Сӯҳбати мазкур рӯзи ҷумъа дар Пекин, дар ҳошияи маросимҳои ифтитоҳи бозиҳои Олимпии соли 2008 анҷом гирифт. Роҷеъ ба тафсилоти ин сӯҳбат иттилое дар даст нест. Дар Вашингтон мақомоти ИМА гуфтаанд, ки як дипломати русро даъват ва тақозо карданд, ки Русия нирӯҳои худро аз хоки Гурҷистон фаро хонда ба ҳамлаҳои ҳавоие, ки баъди шурӯи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ба роҳ монда шуд, хотима дода шавад. Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки як мақоми масъули сафорати Русия дар Вашингтон Александр Дарчиев барои сӯҳбат бо муовини вазир Ҷон Негропонте фаро хонад шуд.
XS
SM
MD
LG