Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Human Rights Watch ба Тифлису Маскав


Human Rights Watch, як созмони байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон Русия ва Гурҷистонро ҳушдор дод, ки ҳама гуна амале зидди шаҳрвандони мулкӣ дар Осетияи Ҷанубӣ боиси сар задани ҷиноёти ҷангӣ мешавад ва тақозо кард, ки афроди ғайринизомиро дур аз ин даргириҳо нигоҳ доранд. Изҳороти мазкур дар ҳоле пахш мешавад, ки Осетияи Ҷанубӣ шаби дуюми ҷангро пушти сар кард. Нирӯҳои Русия ва Гурҷистон дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ барои назорат бар ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ вориди даргирӣ шудаанд. Маскав иддао дорад, ки то кунун бар асари ин низоъ 1500 нафар ба ҳалокат расида беш аз 30 ҳазор сокинони ҷумҳурӣ тарки маҳаллҳои зисти худ карда вориди хоки Русия шудаанд.

XS
SM
MD
LG