Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ хостори ҷоришавии ҳукумати низомӣ шуд


Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии Гурҷистон бо пахши изҳороте гуфт, ки имрӯз аз парлумони кишвараш дархост хоҳад кард то дар қаламрави ҷумҳурӣ вазъияти низомӣ ҷорӣ шавад. Изҳороти вай дар шароите садо медиҳад, ки дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ даргириҳои шадиди миёни нирӯҳои Русия ва Гурҷистон идома дорад. Чанде пеш аз ин мақомоти баландпояи Гурҷистон изҳороти зидду нақизеро роҷеъ ба имкони қабул шудани чунин қарор пахш карданд.
XS
SM
MD
LG