Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо миёни нерӯҳои Русия ва Гурҷистон дар минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ барои назорат бар ин минтақа идома доранд.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев субҳи шанбе, 9-уми август бо вазири дифоъи ҳукуматаш мулоқот кард ва гуфтааст, "Нерӯҳои посдори сулҳи Русия ва ҷузвутомҳои тобеъи онҳо ҳоло талош доранд, тарафи гурҷиро ба сулҳ маҷбур кунанд."

То ҳол дар Осетияи Ҷанубӣ 1500 нафар кушта шудааст.
Тибқи хабарҳо дар ҷангҳои Осетияи ҷанубӣ садҳо нафар аз аҳолии осоишта кушта ё захмӣ шудаанд ва шаҳри Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ тахриб дидааст. Ҳарду ҷониб, ҳам русҳо ва ҳам гурҷиҳо иддаъо доранд, ки ин шаҳрро зери назорат гирифтаанд.

Ноиби фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, Игор Конашенков, гуфт, боз 3 сарбози дигари Русия кушта шуда, талафоти посдорони сулҳ ба 15 нафар расидааст. Русия дар Осетияи Ҷанубӣ наздик ба 2 500 сарбоз дорад, ки онҳоро посдорони сулҳ мешуморад.

Ҳавопаймоҳои Русия бандари Потии Гурҷистон дар Баҳри Сиёҳ ва чандин ҳадафи дигар дар Гурҷистонро бомбаборон кардаанд.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс дар як изҳороти расмӣ аз Русия хост, ба зарбаҳои ҳавоӣ ва тӯпхона хотима гузошта, нерӯҳояшро аз қаламрави Гурҷистон ақиб кашад.

Ҳамтои руси ӯ, Сергей Лавров рӯзи 9-уми август дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, то ҳол дар Осетияи Ҷанубӣ 1500 нафар кушта шудааст. Вай афзуд, ҳеҷ қисмате аз Гурҷистон, ки дар ҳамла ба Осетияи Ҷанубӣ истифода мешавад, амн боқӣ нахоҳад монд. Лавров ҳамчунин гуфт, кишварҳое ки Гурҷистонро бо силоҳ таъмин мекунанд, низ масъули ин хушунатҳо мебошанд.
XS
SM
MD
LG