Пайвандҳои дастрасӣ

Ғарб хостори қатъи даргириҳо дар Гурҷистон аст


Бо ҳарос аз эҳтимоли ҷанги густарда миёни Русия ва Гурҷистон Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар садри нигарониҳои байнулмилалӣ даъват карданд, хушунат дар Осетияи ҷанубӣ билофосила қатъ гардад. Изҳороти онҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки Гурҷистон ба сарони ҷаҳон муроҷиат кард, то Маскавро аз "таҷовузи мустақими ҳарбӣ" ба қаламрави ҷудоихоҳи Гурҷистон, боздоранд. Сухангӯи Кохи Сафед, Гордон Ҷондро, ки ҳамроҳи президент Ҷорҷ Даблю Буш дар Пекин мебошад, гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳамаи тарафҳо қатъи хушунат ва гуфтушунидҳои мустақими ҳалли сулҳомези масъаларо тақозо кардааст. Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ, Яап де Ҳуп Схеффер ба ҳарду тараф муроҷиат кард, фавран аз даргириҳои мусаллаҳона даст кашанд ва ба гуфтушуниди рӯбарӯ гузаранд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун низ ба ин даъватҳо ҳамсадо шуд ва аз тарафҳо хост аз ҳама гуна амъоли таҳрикдиҳанда худдорӣ кунанд. Чунин даъватҳо аз Фаронса, Олмон, Туркия низ садо доданд. Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх даъват кард, ки дар Осетияи ҷанубӣ як долони башарӣ боз шавад то ба мошинҳои тиббӣ имкон диҳад, захмиёнро ба ҷои амн бикӯчонанд. Гурҷистон се соат мӯҳлат дод, то аҳолии осоишта аз маҳали даргириҳо ихроҷ шавад.
XS
SM
MD
LG