Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарбиёни Русия мегӯянд, дар Схинволӣ 10 кушта додаанд


Фармондеҳи баландпояи Русия мегӯяд, дар ҷараёни ҷангҳо дар Схинволӣ, пойтахти Осетияи ҷанубӣ, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, зиёда аз 10 сарбози рус аз нерӯҳои посдори сулҳ кушта шудаанд. Ноиби фармондеҳи нерӯҳои пиёданизоми Русия, Игор Конашенков, гуфт, посдорони сулҳ, дар натиҷаи зарбаи тӯпхонаи нерӯҳои гурҷӣ кушта шудаанд. Вай афзуд, 30 сарбози дигар захмӣ гаштаанд. Дар Осетияи ҷанубӣ Русия наздик ба 2 500 сарбоз дорад, ки онҳоро посдорони сулҳ мешуморад. Ин изҳороти фармондеҳи рус ғайри қобили санҷиш ва тасдиқ аст.
XS
SM
MD
LG